лаҳза

лаҳза
[لحظه]
а
1. фурсати як бор нигоҳ кардан, миқдори вақте, ки ба як чашм ба ҳам задан баробар аст, дам, он, сония; ваҳла, ламҳа
2. вақти воқеъ шудани амале, мавриди рӯй додани воқеа; вақт, замон, гоҳ, асно, ҳангом; лаҳза(ҳо)и дидор фурсати андаки мулоқот ва хотирае аз он; лаҳза(ҳо)и дарс ҷузъҳои дарс, қисмҳое, ки мундариҷаи дарсро ташкил медиҳанд
3. нав. ягон ҷиҳати ҳодиса ё шароите: лаҳза(ҳо)и манфӣ, лаҳза(ҳо)и мусбат; лаҳзаи аввал дар ибтидо, сараввал; ин лаҳза ин дам, ин вақт, дар ин асно; ҳамон лаҳза фавран, дарҳол; ҳар лаҳза ҳар дам; ҳама вақт, мудом; чанд лаҳза як муддати кӯтоҳ; ягон лаҳза як лаҳза ҳам, муддати хеле кам; як лаҳза а) як дам, муддати кӯтоҳе; б) маҷ. ҳеҷ гоҳ; лаҳза ба лаҳза а) дам ба дам, ҳар лаҳза, ҳар замон; зуд-зуд, тез-тез; б) сония ба сония, торафт; аз лаҳзаи нахустин аз сонияи нахустин; аз ибтидо; дар лаҳзаи… дар вақти…, дар аснои… ҳангоми…, ҳини…. ; (дар) лаҳзаи аввал дар нахустин сония; дар ибтидо; пас аз лаҳзае пас аз андак вақт, муддати зиёде нагузашта

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Нужен реферат?

Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»